СММ ҷамъоварии фаврии маблағҳоро барои зарардидагони заминларзаи Сурия эълон кард

Февраль 16, 2023 15:04

ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал аввалин ҳайати СММ аз минтақаҳои шимолу ғарби Сурия боздид намуд. Коршиносон аз Туркия тавассути гузаргоҳи «Баб-ал-Ҳаво» ворид шуданд ва ният доранд миқёси зарарро арзёбӣ кунанд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Euronews.

Худи ҳамон рӯз бори башардӯстонаи СММ тавассути гузаргоҳи Баб-ал-Салом ба ин минтақа интиқол дода шуд, ки ифтитоҳи он қаблан аз ҷониби мақомоти Сурия эълон шуда буд.

«Имрӯз ман дархости башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳидро ба маблағи 397 миллион доллар барои зарардидагони заминларзаи аҳолии Сурия эълон мекунам. Ин давра то се моҳро фаро мегирад», -иттилоъ дод Котиби генералии СММ Антонио Гутерриш.

Мувофиқи гуфтаи Дабири кулл, чунин дархост барои Туркия ба зудӣ садо хоҳад дод. Ӯ иброз кард, ки СММ аллакай тавассути Фонди марказии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода барои рафъи оқибатҳои заминларза 50 миллион доллар ҷудо кардааст.

«Кумак бояд аз ҳар ҷониб, ба ҳама тарафҳо, тавассути тамоми роҳҳо бидуни маҳдудият расад», -иброз дошт Дабири кулли СММ.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: globaltrend.com.ng

Февраль 16, 2023 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд