СОҲИБВАТАНӢ РИСОЛАТИ БУЗУРГ АСТ. Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дастоварди арзандаи парламентаризми тоҷик аст

Февраль 28, 2023 10:45

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба фаъолият оғоз намудани вакилони даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон таъкид намуда буданд, ки қонунҳои мо бояд бо назардошти дурнамо ва ҳадафҳои ояндаи рушди давлати миллӣ ва пайванди ногусастании он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Дар робита ба ин аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дастоварди арзандаи парламенти тоҷик маҳсуб шуда, мавриди ҳамовозӣ қарор гирифтанаш аз мазмуну моҳияти баланди он шаҳодат медиҳад. Дар ин хусус раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни мақолаи хеш изҳори андеша намудааст.

— Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» яке аз қонунҳои муҳимтарини низоми ҳуқуқии мамлакат буда, қабули он дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстии мардумро дорад.

Бо қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ собит гардид, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар масъалаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамқадами замон аст.

Зарур аст, ки масъулин ба мардум муҳтавои ин қонуни муҳимро шарҳ диҳанд, зарурати таҳия, қабул ва ҷонибдории онро бо тамоми нозукиҳояш фаҳмонанд. Вақте ҷомеа моҳияту мақсади қонунҳоро дуруст мефаҳмад, татбиқи онҳо осонтар мегардад. Ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳлили амиқи проблемаҳо, таклифу пешниҳодҳои судманд, иродаи мардум дар сатҳи қонун, ҷустуҷӯи чораҳову пешниҳодҳои беҳтарин, мубоҳисаҳои пуршӯр ва албатта, рӯҳия ва эҳсосоти инсонӣ нуҳуфтаанд.

Дар умум, моҳияту рисолати фаъолияти ҳар шаҳрванд дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат, заҳмату талош барои шукуфоии бештари мамлакат ва комёб будан дар ҳамаи самтҳо мебошанд.

Агар мухтасар моҳияти онро баён карданӣ шавем, пас қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Муаллифи қонуни мавриди назар муҳтарам Рустами Эмомалӣ беҳтар аз дигарон дарк кардаанд, ки рӯҳия ва табиати қонунҳо бояд ба фалсафаи ҳаёт, урфу одатҳо ва анъанаҳои халқҳо ҷавобгӯ бошад, аз зиндагии мардум зуҳур кунад ва ба рафъи мушкилиҳои ҳаёт кумак намояд, зеро қонунҳо барои саодати халқ қабул мегарданд.

Дар қонун муқаррар карда шудааст, ки тарбияи ватандӯстӣ- ин фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоти (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки ба ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст, маҳсуб мешавад.

Дар ин раванд тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба мамлакат, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон андешида мешаванд, мақоми хосса доранд.

Чун сухан бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон меравад, бояд ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан авлавият бошад.

Бегуфтугӯ, ин иқдоми муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо, ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ мусоидат менамояд.

Тибқи муқаррароти моддаи 5, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ фарогир буда, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, ҳайатҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва оила аз ҳамин ҷумлаанд.

Барои дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шудани фаъолият дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муқаррар кардааст, ки субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо восита ва имконоти ба худ хос вазифаҳои соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ намоянд.

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон густурда буда, пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ҳамин ҷумлаанд. Дар моддаи 7 пешбинӣ гардидааст, ки таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таҳияи лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва пешниҳод намудани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунанд, муайян кардани тартиби ташкили феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар татбиқи барномаҳои идоравии тарбияи ватандӯстӣ иштирок мекунанд ва аз дастгирии давлатӣ бархӯрдоранд, муайян кардани воҳиди сохторӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстиро ба зимма дорад, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мебошад.

Ҳамаи мо масъулем, ки дар раванди ҷаҳонишавии масъалаҳо дар доираи манфиатҳои миллӣ мавқеи худро пуштибонӣ намоем. Ин вазифаи муқаддаси парламенти касбист ва хоҳад монд. Дар ин давра мо бояд беш аз пеш манфиатҳои миллӣ ва сиёсии давлатро ҳифз кунем ва пояҳои истиқлоли давлатиро устувор гардонем.

Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА,
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2023 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД. Ин неъмати бузург ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ овард
ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон
ТИРАМОҲ ФАРО МЕРАСАД. Дар ин фасл кадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд?
ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПАХТАПАРВАРӢ КОҲИШ ЁФТ? Дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардид
33 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шуд