Соли 2022 дар минтақаи Кӯлоб ба тариқи суди марҳилаи аввал 53 парвандаи ҷиноятӣ ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб соли 2022 ба тариқи суди марҳилаи аввал 53 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ворид гардида, аз соли 2021 4 адад парвандаҳои ҷиноятӣ боқӣ монда, ҷамъи парвандаҳои дохилшуда 57 ададро ташкил намуданд. Аз ин шумора бо баровардани ҳукм 49 парванда нисбат ба 72 нафар баррасӣ гардида, нисбат ба 58 нафар ҷазои аз озодӣ маҳрум, нисбат ба 11 нафар ҷарима, нисбат ба 1 нафар корҳои ислоҳӣ, нисбат ба 2 нафар моддаи 71-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуд. Вобаста ба 1 парванда кофтуков эълон карда шуда, дар истеҳсолоти судӣ боздошта, 4 парванда ба соли 2023 гузошта шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб маълумот дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар марҳилаи кассатсонӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи шикояти маҳкумшудагон, ҷабрдидагон ва эътирози прокурорҳо 71 парвандаи ҷиноятӣ ворид гардид, ки аз ин шумора 24 ҳукм бетағйир, 25 ҳукм тағйир дода шуда, 1 таъйинот бекор карда шуд, 2 таъйинот бетағйир, 19 парванда бе баррасӣ баргардонида шуданд.
Дар марҳилаи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ аз рӯи шикояти тарафҳо 67 парвандаи оилавӣ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 54 ҳалнома бетағйир монда шуда, 3 ҳалнома бекор карда шуда, 2 ҳалнома тағйир, 1 таъйинот бекор, 2 таъйинот бетағйир, 6 парванда бе баррасӣ баргардонида, 1 парванда дар истеҳсолоти судӣ боздошта шудааст.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






