ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал,ҷумъа, 41-умин рӯзи соли 2023 аст

Февраль 10, 2023 08:00

10 феврали соли 2009 дар Белгия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

***

10 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 25-умин солгарди  барпо намудани  робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Америка ба  Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

10 ФЕВРАЛ:

Дар Русия – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ.

РӮЙДОДҲО:

10 феврали соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон  баррасӣ гардид.

***

Соли 2006 дар ШМА аввалин маротиба дар таърих оид ба амнияти кибернетикӣ машқҳои васеъҷанба гузаронида шуданд.

Февраль 10, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш