ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, ҷумъа, рӯзи 34-уми соли 2023 аст

Февраль 3, 2023 08:00

3 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони иқтисодии АвруОсиё ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе механизми маблағгузории мутобиқшавӣ  ба тайғирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.

  3 ЯНВАР:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ.

 РӮЙДОДҲО:

***

3 феврали соли 2017 масоили рушд ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба байниТоҷикистон ва Непал баррасӣ карда шуд.

***

3 феврали соли 2005 дар наздикии шаҳри Кобули Афғонистон ҳавопаймои «Boeing 737» ба садама дучор шуда, 104 нафар ба ҳалокат расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 2016 ширкати Google дар интернет барои мубориза бо тарғиби терроризм ва экстремизм лоиҳаи санҷишӣ роҳандозӣ намуд.

Февраль 3, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш