Талаботи ҷаҳонӣ ба неруи барқ дар солҳои 2023-2025 солона 3% афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Талаботи ҷаҳонӣ ба неруи барқ дар солҳои 2023-2025 дар як сол ба ҳисоби миёна 3 дарсад афзоиш хоҳад ёфт ва аксарияти афзоиш ба Осиё рост меояд. Дар ин бора дар ҳисоботи Агентии байналмилалии энергетикӣ, ки 8 феврал нашр шудааст, омадааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа».
Дар агентӣ таъкид карданд, ки бо сабаби буҳрони энергетикӣ ва шароити номуътадили вазъи ҳаво дар бархе аз мантақаҳо афзоиши талаботи ҷаҳон ба неруи барқ то 2% дар соли 2022 коҳиш ёфтааст, ки аз сатҳи пеш аз пандемия камтар аст. Таҳти таъсири якбора боло рафтани нархи барқ талабот ба неруи барқ дар Иттиҳоди Аврупо соли 2022 3,5 дарсад коҳиш ёфт. Аммо истеъмоли неруи барқ дар Ҳиндустон дар пасманзари барқароркунии назарраси иқтисодӣ ва тобистони гарм 8,4 фоиз афзуд. Талабот ба неруи барқ дар ШМА 2,6 фоиз зиёд шуд.
Дар ҳисобот пешбинӣ шудааст, ки афзоиши талаботи ҷаҳонӣ ба неруи барқ дар ҷаҳон давоми се соли оянда ба ҳисоби миёна 3 дарсад афзоиш хоҳад ёфт, ки бештар аз 70 фоизи он ба Осиё рост меояд.
Директори иҷроияи Агентии байналмилалии энергетикӣ Фотиҳ Бирол гуфт, ки афзоиши талаботи ҷаҳонӣ ба неруи барқ ногузир суръат мегирад, аммо суръати рушди энергияи таҷдидшаванда ва атомӣ имкон медиҳад, ки тақрибан тамоми талаботи нав қонеъ карда шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






