ТАВАҶҶУҲ! Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд то 15 феврал симкортҳои худро тибқи шиносномаи намунаи соли 2014 дубора ба қайд гиранд

Февраль 7, 2023 10:33

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 фурӯш ва азнавбақайдгирии симкортҳо дар асоси шиносномаи намунаи соли 2014 анҷом меёбад. Яъне шаҳрвандоне, ки шиносномаи намунаи соли 1996 доранд, уҳдадор шудаанд, ки чунин намуди шиносномаро то 15 феврали соли 2023 ба шиносномаи намунаи соли 2014 иваз намуда, бо он симкортҳои худро дар ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гиранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки 15 феврал эътибор пайдо кард, ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро бо шиносномаҳои ID — намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд.

Дар минтақаи Суғд 95% аҳолӣ бо шиносномаи ID, намунаи соли 2014 таъмин гардидааст.

Дар айни замон дар Тоҷикистон бо шиносномаи намунаи соли 1996 882 ҳазору 774 рақам фаъол буда, то ҳол бо намунаи соли 2014 (ID корт) ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар робита ба ин барои тезонидани муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои шаҳрвандон бо шиносномаҳои ID, намунаи соли 2014 гурӯҳи муштараки корӣ аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати бақайдгирии дигарбораи симкортҳоро бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2023 муқаррар кардааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2023 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд