Теъдоди ҳалокшудагон бар асари обхезӣ дар Бразилия ба 46 нафар расид

Февраль 22, 2023 11:52

ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Бразилия Луис Инасио Лула да Силва ба соҳили шимолии музофоти Сан-Пауло рафт, ки пас аз борони шадид, обхезӣ ва ярчҳо ба минтақаи офат табдил ёфтааст. Дар панҷ шаҳрдорӣ, ки зарбаи асосии офати табиӣ ба онҳо расидааст, ҳолати фавқулода эълон карда шуд. Дар бисёр ноҳияҳо таъминоти об ва барқ вайрон шуда, алоқаи мобилӣ кор намекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews иттилоъ медиҳад.

Ҳадди ақалл 46 нафар ҳалок шудаанд, вале теъдоди ҳалокшудагон метавонад зиёд шавад, зеро тақрибан 40 сокини маҳаллӣ бедарак гардидаанд. Садҳо нафар одамон манзилҳояшонро аз даст додаанд.

Миқдори бориш дар ин минтақа дар як рӯз аз 600 миллиметр баланд шудааст, ки ин яке аз нишонаҳои баланд дар Бразилия тайи ин муддати кӯтоҳ ба ҳисоб меравад. Зарари ин ҳодисаи табиӣ ба обхезӣ ва ярчҳои сершумор, харобшавии биноҳои истиқоматӣ ва инфрасохтор оварда расонид.

Солҳои охир Бразилия аз якчанд офатҳои табиӣ азият кашидааст, ки ба гуфтаи коршиносон, сабабаш тағйирёбии иқлим мебошад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 22, 2023 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд