Теъдоди ҳалокшудагони заминларза дар Туркия ба беш аз 12 ҳазор нафар расид
ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар ҷанубу шарқи Туркия ба 12 391 нафар расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, шумораи зарардидагон ба 62 914 нафар расидааст. Қаблан дар бораи 52 979 нафар захмиён хабар расида буд.
Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар музофоти Каҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия заминларза бо шиддати 7,7 балл рух дод. Таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо дар 10 музофоти ин давлат, инчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос карда шуданд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Reuters








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






