Теъдоди аз заминларза ҳалокшудагон дар Сурия ба 8,5 ҳазор нафар расид
ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди аз заминларза ҳалокшудагон дар Сурия ба 8,5 ҳазор нафар расид. Зимнан дар қаламраве, ки таҳти назорати Димишқи расмӣ қарор дорад, ҳудуди 4 ҳазор нафар бар асари ин офати табиӣ ҳалок шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе директори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Баҳри Миёназамини шарқӣ Рик Бреннан хабар додааст.
«Ҳоло гуфтани рақамҳои дақиқ душвор аст, зеро онҳо рӯз ба рӯз зиёд мешаванд ва мо интизори маълумоти дақиқ аз шимолу ғарб ҳастем. Аммо бар асоси маълумоте, ки мо дорем, дар қаламрави таҳти назорати ҳукумати Сурия қарордошта ҳудуди 4000 нафар ҳалок ва 2500 нафари дигар захмӣ шудаанд, дар шимолу ғарби Сурия 4500 ҳалок гардида, 7500 нафар маҷрӯҳ шудаанд», — иброз дошт Бреннан.
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






