Теъдоди одамони дар натиҷаи заминларзаҳо дар Туркия ҳалокшуда аз 35 ҳазор нафар бештар гардид

Февраль 15, 2023 11:07

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди одамони дар натиҷаи ду заминларзаи 6 феврал дар ҷанубу шарқи Туркия ҳалокшуда ба 35 ҳазору 418 нафар расид. Дар ин бора рӯзи сешанбе президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдоган аз рӯи натиҷаҳои машварати Девони вазирон дар Анқара иттилоъ дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

«Ҳаҷм ва хисороти заминларзаҳо дар Қаҳрамонмараш ҳодисаи фавқулодаи табиӣ мебошад. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот пас аз заминларзаҳо дар Туркия то наҷоти охирин нафари зиндамонда идома хоҳад ёфт»,- изҳор дошт Эрдоган.

Ҳокимияти Туркия ба хонаводаҳои фавтидагон бар асари заминларзаҳо 100 ҳазор лираи туркӣ (5300 доллар) кумаки моддӣ мерасонад.

«Мо ба хешовандони бар асари заминларзаҳо фавтида барои эҳтиёҷоти таъҷилӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор лира кумаки молӣ пешниҳод мекунем»,-гуфт ӯ.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Спутник/ Моҳир Бозтепе

Февраль 15, 2023 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд