Тоҷикистон соли 2022 бо 109 давлати ҷаҳон мубодилаи мол анҷом дод
ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта бо 109 давлати ҷаҳон амалиёти содиротию воридотӣ анҷом додааст. Дар ин хусус муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода имрӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки гардиши мол бо кишварҳои хориҷи наздик беш аз 3,8 миллиард доллар ё 51,7 фоизи гардиши тиҷорати хориҷиро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 ба маблағи 761,2 миллион доллар, аз ҷумла содирот 762,6 миллион доллар ва воридот беш аз 3,1 миллиард долларро ташкил дод. Содирот зиёда аз 190 миллион доллар ва воридот беш аз 580 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Гардиши мол бо давлатҳои хориҷи дур беш аз 3,6 миллиард доллар ё 48,3 фоизи гардиши тиҷорати хориҷиро ташкил дод. Аз ҷумла, содирот беш аз 1,5 миллиард доллар ва воридот зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил дода, содирот 352,8 миллион доллар ва воридот ба маблағи 394,2 миллион доллар рӯ ба афзоиш ниҳод.
Азим Турсунзода гуфт, ки соли сипаригардида аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи 730,8 миллион доллар маъданҳо ва консентратҳо, 139,9 миллион доллар- алюминий, беш аз 106 миллион доллар- неруи барқ, зиёда аз 51 миллион доллар- маҳсулоти меваю сабзавот, қариб 45 миллион доллар семент, қариб 4 миллион доллар чарм содирот гардидааст. Аз ҳаҷми умумии содирот 32,7 фоиз ё 762,6 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 67,3 фоиз ё 1 567,5 миллион доллар ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол бо давлатҳои Қазоқистон беш аз 20 фоиз, Чин- 15,8 фоиз, Туркия, Узбекистон мутаносибан 7,7 фоиз, Эрон- қариб 5 фоиз, Белгия- 4,4 фоиз, Русия- қариб 4 фоиз ва Сингапур- 1,8 фоизро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки содироти мол аз Тоҷикистон дар соли гузашта нисбат ба соли 2021 ба Чин беш аз 208 миллион доллар, Қазоқистон-қариб 124 миллион доллар, Эрон- 75,5 миллион доллар, Узбекистон- қариб 53 миллион доллар, Сингапур- 42,2 миллион доллар, Русия- 15,8 миллион доллар ва Белгия- қариб 14 миллион доллар афзоиш, аммо бо Туркия ба маблағи 52,6 миллион доллар, Гурҷистон- 3,5 миллион доллар, Нидерланд- 2,2 миллион доллар, Покистон- 2,1 миллион доллар ва Хорватия- 1,8 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






