««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе оид ба моҳияти озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамоиш доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву ифтихори ватандории наврасону ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Аҳамият ва моҳияти озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳамоиши илмӣ — назариявӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.
Зимни он таъкид карда шуд, ки ҷавононро мебояд китоби мондагори «Тоҷикон»-ро, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад, омӯхта, дар пайравӣ аз ниёгони шарафманди хеш баҳри рушди ин Ватан ва миллат талош намоянд. Китоби мазкур саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ буда, хонандаро дар рӯҳияи ягонагӣ ва талош баҳри рушди ҷомеа тарбия месозад.
Тазаккур дода шуд, ки маҳз тавассути омӯзиши ин шоҳасар насли имрӯза аз воқеияти таърихи ниёгони хеш ба таври хеле барҷаста огаҳ мегардад.
Иштирокдорон омӯзиши таърихро яке аз василаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ин китоби таърихӣ тамоми марҳилаҳои сипаришудаи ниёгони халқро мавриди инъикос карор дода, барои насли имрӯз дарси ибрат мегардад. Зеро он инъикосгари ҳаёт ва фаъолияти чеҳраҳои мондагори миллат аст.
Дар қисмати хотимаи ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён Сипоснома тақдим гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид






