ВАЗЪИ ҲАВО. 1-2 феврал дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Тоҷикистон фаромадани тарма дар назар аст
ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1—2 феврал дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф, рӯзона баъзан бориши бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






