Занеро дар Туркия пас аз 205 соати заминларза аз зери харобаҳо наҷот доданд

Февраль 15, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар музофоти Қаҳрамонмараши Туркия пас аз 205 соати заминларзаи харобиовар як зан аз зери харобаҳо наҷот дода шуд. Дар ин бора АБИ «Казинформ» бо истинод ба агентии «Анадолу» хабар додааст.

Айшегул Байири 35-соларо аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар минтақаи Оникшубот берун кашиданд. Барои расидан ба он наҷотдиҳандагонро зарур омад, ки туннели 5-метра кананд.

Ба зарардида дар ҷойи ҳодиса ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуд. Сипас ӯро тавассути мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона интиқол доданд.

Алӣ Каспак, корманди полиси Туркия (JAK) таъкид кард, ки наҷотдиҳандагон омодаанд, ки то аз зери харобаҳо берун овардани охирин нафари зинда мубориза баранд.

Рӯзи душанбеи гузашта, 6 феврал дар музофоти Қаҳрамонмараш ду заминларза бо шиддати ҳафт балл рух доданд (соати 04:17 – 7,7 балл ва соати 13:24 – 7,6 балл ба вақти маҳаллӣ), ки марказаш шаҳри Қаҳрамонмараш буд. Таконҳои зеризаминӣ, ки садҳо бор такрор ёфтанд, дар 10 музофоти ин давлат ва ҳамчунин дар давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос карда шуданд.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд