Бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе маросими ҳавасмандгардонии як зумра фаъолзанон доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар пойтахт маросими ҳавасмандгардонии фаъолзанон ва кормандони сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе баргузор карда шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар ба тамоми занону духтарон расонида шуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор таманно карда шуд.
Гуфта шуд, ки модар сарчашмаи ҳаёт, маънибахши зиндагӣ ва муқаддастарин инсон барои фарзандон мебошад. Ҳамин аст, ки мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз беҳтарин суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.
Ҳамоиши мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, мақсад аз он арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон ва дастгириву қадрдонии занону духтарон мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Ба иттилои расмӣ, ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла аз шумораи кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Инчунин занону духтарон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ- 71, фарҳанг- 47, бонкдорӣ- 39, алоқа- 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди мамлакат низ таъсири назаррас расонида истодаанд.
Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону духтарон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2018 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид карда шудааст, «мо тасмим гирифтаем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.
Мо ҳамчунин ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Зимнан таъкид карда шуд, ки «модари тоҷик дар тӯли таърихи тўлонии миллат ҳазорон нафар шахсиятҳои оламшумулу тамаддунсоз ба дунё оварда, дар оғўши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ – башардўстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад».
Иброз дошта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву кор барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






