Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 гектар замин обёрӣ гардид

Март 24, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 гектар замин обёрӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, холимонда ва заминҳои корами обӣ, ки ҳамчун заминҳои лалмӣ истифода бурда мешаванд, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ якҷоя бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба сомон расонида истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке аз минтақаи дурдаст маҳсуб мешавад, насби дастгоҳҳои обкашӣ ба анҷом расонида шуда, дар натиҷа 691 гектар бо оби полезӣ таъмин гардид.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳои иҷрошуда роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Рӯдакӣ бо корҳои иҷрошуда шинос гардида, бо деҳқонон, ки дар ин минтақа фаъолият доранд, суҳбат намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба истифодаи самараноки обу замин ва амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ барои баланд намудани ҳосилнокии заминҳо ба заминистифодабарандагон тавсияву маслиҳатҳо дода шуд.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ барои  обёрӣ гардидани заминҳои солҳои тӯлонӣ беоб ба давлату Ҳукумати мамлакат миннатдории самимӣ баён намуданд.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, соли 2022 майдони умумии 2166 гектар, аз он 1769 гектар обӣ ба гардиши кишоварзӣ, аз ҷумла майдони 1437 гектар, аз он 1180 гектар обӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашванда ва заминҳои кораме, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, майдони 729 гектар, аз он 589 гектар обӣ ба гардиш ворид карда шуд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 24, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024 ОИД БА ФУТЗАЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии он мешавад
АҲСАНТ! Донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Мария Чебоненко сазовори медали тиллои озмуни байналмилалӣ гардид
«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». 1 июн дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид
ҒАСБИ ХУДСАРОНАИ ЗАМИН ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ ДАР ПАЙ ДОРАД. Иттилоияи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин маврид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли тамоку бунёд мегардад
Дар Душанбе Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ифтитоҳ ёфт
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Тибқи он даври сеюми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ оғоз гардид
Роҳсозон мавзеъҳои мушкилтарини роҳи Қалъаихумб — Ванҷ — даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаҳои 4-5-и лоиҳа дохил шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона мегузаронад
ҲУШДОРИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: «Аз қаллобоне, ки аз номи ширкати «Газпром»-и Федератсияи Русия баромад мекунанд, эҳтиёт бошед»!