Дар Душанбе вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад

Март 16, 2023 17:58

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори саммитҳо иштироки Президентони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар назар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи корҳои марбут ба омодагӣ ҷиҳати баргузории вохӯриҳои сарони давлатҳои минтақаро оғоз кардааст. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олӣ зери роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода таъсис дода шуд, ки ба он роҳбарони вазорату идораҳо шомиланд. Ҳамчунин дар Вазорати корҳои хориҷӣ Котиботи саммитҳо фаъолият мекунад.

Аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст, ки асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Дар доираи саммитҳои мазкур ҷониби Тоҷикистон инчунин ташкили якчанд чорабиниҳоро бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифтааст, ки онҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳои минтақа дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ нигаронида шудааст. Ҳамин тариқ, дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, Вохӯрии аъзои Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ, Намоишгоҳи рассомон, Нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Вохӯрии  вазирони нақлиёт ва Консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

Пойдории муколамаи боэътимод ва рушди минбаъдаи муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо яке аз авлавият дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

«Вохӯриҳои сатҳи олӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории баъдии амнияту субот дар минтақа мусоидат мекунад», — таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 16, 2023 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд