Дар Хоруғ озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» баргузор гардид

Март 2, 2023 09:55

ХОРУҒ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз чил нафар аъзои маҳфилҳои гуногуни Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр иштирок намуданд. Мақсади озмун рушди тафаккури зеҳнию ақлонии кӯдакону наврасон мебошад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Дар озмун аз 40 нафар довталаб 20 нафар аз рӯи шартҳои ҳунарҳои мардумӣ, ихтироъкорию навоварӣ, сайёҳию кишваршиносӣ, табиӣ-экологӣ ғолиб дониста шуда, ба озмуни вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Масъулини Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ изҳор доштанд, ки даври вилоятии он 15 март дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маркази вилоят баргузор карда мешавад.

Озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) бахшида шуд.

Сардори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ Зокир Сабзалӣ гуфт, ки «панҷ сол пеш  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани рушди ҷаҳонгардӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат ва расму суннатҳои мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда буданд.  Ин озмун яке аз он тадбирҳои амалист, ки бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагӣ амалӣ мегардад. Бо амалӣ гардонидани ин иқдоми Пешвои миллат дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва барои амалӣ намудани он тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд».

Дар озмун 40 нафар наврасони ихтироъкор аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Мақсади асосии озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати машғулияти маҳфилҳо, тафаккури техникии насли наврас, тарғиби илмҳои дақиқ, ҳисси зебоипарастӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди қобилияти зеҳнии хонандагон мебошад. Хонандагон лоиҳаҳои эҷодии худро дар шакли макет ва асбоби худсохт бо истифода аз маводи дастрас, аз ҷумла зарфҳои пластикӣ, матоъ, симу оҳан, коғазҳои ранга, чӯбу тахтапораҳо ба ҳакамон пешниҳод намуданд.

Довталабони озмун бо изҳори сипос аз Пешвои миллат баён доштанд, ки маҳз тавассути чунин маҳфилҳо онҳо лаёқату маҳорати худро боз ҳам бештар такмил медиҳанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2023 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд