Дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
ҲИСОР, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар он занону модарон, духтарони фаъол ва кормандони литсейи мазкур иштирок намуданд. Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ додааст.
Директори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор иброз дошт, ки “модар сарчашмаи ҳаёт, маънибахши зиндагӣ ва муқаддастарин инсон барои фарзандон мебошад. Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модарон ҳамеша дар маркази диққат қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву кор барои занону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд”.
Дар ҷамъомад аз тарафи маъмурияти Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор ба 10 корманди қисми хоҷагии муассиса туҳфаи пулӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом ба хотири фароғати иштирокдорон дастагули мусиқӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи Зан-Модар бо иштироки санъаткорон ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
АКС: Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






