Дар Масқат даври дуюми машваратҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Салтанати Уммон баргузор гардид

Март 30, 2023 09:33

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 март дар Масқат даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Уммон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайатҳои тарафҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Уммон роҳбарӣ намуданд.

Дар машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Уммон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, таҳкими пояи шартномавӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо барқарорсозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду нумӯи ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2023 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд