Дастаи наврасони тоҷик дар Ҷоми Осиё-2023 бо дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, дирӯз дар шаҳри Бангкоки Таиланд маросими қуръакашии Ҷоми Осиё байни футболбозони то 17-сола баргузор гардид.
Дар он дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол шомили гурӯҳи «С» гардида, бо дастаҳои мунтахаби наврсони то 17-солаи Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки пас аз натиҷаи бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 байни футболбозони ҷавони то 17-сола чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2023 мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 17- сола аз 17 июн то 2 июли соли 2023 дар шаҳри Таиланд дар байни 16 дастаи мунтахаб баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






