Дастаи «Ҳосилот» барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 гардид

Март 16, 2023 10:23

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 март дар шаҳри Гулистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои Лигаи олии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федерасияи футболи Тоҷикистон хабар медҳад. 

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ғолиби мусобиқа шуд. Дар финал «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» бозӣ карданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум ҳимоятгари «Хуҷанд» Тони Бикатал кушод. Дар лаҳзаҳои охири бозӣ  Наврӯз Рустамов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра таносубро барқарор кард. Дар силсилаи зарбаҳои пеналти футболбозони «Ҳосилот» дақиқтар буданд ва ҳисоб 3:2 ба фоидаи онҳо шуд.

Медалҳои биринҷии Ҷоми Лига насиби бозигарони дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд гардид, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Аз ҳайати «Эсхата» Дилшод Бозоров ва Дилшод Каримов гол заданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 16, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд