Доир ба таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

Март 17, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Намояндаи ЮНИСЕФ ва дигар муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди соҳаи маориф ҷойгоҳи хосса дорад. Барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳми ҳар фарди ҷомеа хеле муҳим аст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо-калонсолон вобаста мебошад».

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 17, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»