Дурнамои рушди ҳамкории Душанбе ва Москва баррасӣ шуд

Март 3, 2023 13:04

ДУШАНБЕ, 03.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имконоти фаррохи сармоягузорӣ, ташаккули механизми судманди тиҷоратӣ, тақвияти соҳа бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва як қатор омилҳои дигари рушди равобит дар заминаи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, дар бахши Душанбе-Москва самтҳои нави ҳамкории дуҷониба матраҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ин бахш, ки ба муайянсозии имконот ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Москва нигаронида шуда буд, сармоягузорӣ, равобити мутақобилаи иқтисодӣ, низоми идоракунии иноватсионӣ ва комуникатсияи шаҳрӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин имконот ва роҳҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияи муосир дар идоракунӣ бо намунаи иноватционӣ муаррифӣ гардида, дар раванди татбиқ мубодилаи таҷрибаи ҳамдигарӣ зарур дониста шуд.

Душанбе-Москва бо самтҳои нави ҳамкории дуҷониба-ҳамоиши навбатӣ дар заминаи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия дар баробари намояндагони расмии сохторҳои давлатӣ, ҳамзамон соҳибкорону сармоягузорон ва хосса муаллифони лоиҳаҳои муосири технологиву иноватсиониро дар идоракунии механизмҳои инфрасохторӣ ба ҳам овард.

Тазаккур дода шуд, ки Душанбе — пойтахти Тоҷикистон имрӯз чун шаҳри рӯ ба рушд ва татбиқкунандаи технологияи комуникатсионӣ бо дастоварду имконоти фарох таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад. Ин аст, ки дар доираи ҳамоиш бо такя ба навовариҳо ва имконоти мавҷуда барои боз ҳам бештар ҷорӣ кардани технологияи иноватсиониву иттилоотӣ аз ҳарду ҷониб-Душанбе ва Москва лоиҳаҳои ҷадид муаррифӣ ва пешниҳод шуданд. Татбиқи тавафуқоти мавҷуда бо тасмимҳои нав – ин раванд, ки аз рӯи шарикии боэътимоди байниҳам босубот идома дорад, сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна имрўз низ бо нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ мешавад.

Дар доираи ҳамкории мутақобила, имрўз низ намояндагиҳо омодагии устувор баҳри мубодилаи таҷриба баён намуданд. Дар ҳошияи бахши Душанбе-Москва — самтҳои нави ҳамкории дуҷониба, роҳҳои густариш ва заминагузорӣ барои роҳандозии нақшаҳои нав бо дарназардошти имконоти сармоягузорӣ баррасӣ гардид.

Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, соҳибкорону сармоягузорони тоҷику русро дар формати нав «Рӯ ба Рӯ» ба ҳам оварда, сатҳи кунунии равобити иқтисодиву тиҷоратиро миёни пойтахтҳои ду давлати дорои муносибатҳои стратегӣ Тоҷикистону Русия низ таҳким хоҳад бахшид. Таҳкими босуботи равобит миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва, ки бо татбиқи барнома ва нақшаҳои иқтисодию тиҷоратӣ идома доранд, назаррас арзёбӣ мегардад, ин аст, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, саноат ва нақлиёту комуникатсия аз рўи тарҳҳои судоварӣ тиҷоратӣ ба миён гузошта шуданд. Майдони ҳамкорӣ: сармоягузорӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва самарабахшии иртибототи дуҷониба, ки дар ҳамоишҳои васеъ ва ҳам гуфтугӯи хосса дар формати В+В баррасӣ гардид, дар заминаи мулоқоти «Душанбе-Москва» дурнамо ва ояндаи неки ҳамкориҳоро бо таваффуқоти навбатӣ асоснок гардонид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 3, 2023 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе беш аз 22 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт таъмини 665 бино бо неруи гармӣ ба нақша гирифта шудааст
Соли 2024 дар ноҳияи Синои пойтахт 4 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва Театри миллӣ шинос шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт то охири сол беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис меёбад
ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Пагоҳ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд
ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе муваққатан манъ гардид
Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид