ФЕСТИВАЛИ ГУЛЧИНИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӮСТОНА. Дар он зиёда аз 1000 афсару сарбоз фаъолона иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона доир гардид, ки дар он зиёда аз 1000 афсару сарбоз, ҷавонписарони синни даъватӣ ва ҷавондухтарони фаъол иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Пеш аз оғози чорабинӣ аксияи «Гули наврӯзӣ» низ баргузор гардид, ки дар он ҷавондухтарон бо либосҳои миллӣ ба афсарону сарбозон гул тақдим намуданд.
Дар оғози фестивал роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хубу созгори хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ба ин соҳаи муҳими мамлакат таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд, зеро Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад.


Тазаккур дода шуд, ки гарчанде аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамагӣ 30 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, он роҳеро тай намудааст, ки ба садсолаҳо баробар аст. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз санҷишу имтиҳони ҷиддии таърихӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит намудааст.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ буда, бузургтарин вазифа — сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро таъмин менамоянд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол то сол зиёд гардида, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳо шароити хуби хизмат фароҳам оварда мешавад.



Дастагули таронаҳои ватандӯстона, ки тараннумгари Ватан-Модар, ваҳдату истиқлол, дастовардҳои мамлакат дар низоми қудратӣ буд, дар иҷрои сарбозону афсарон, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва ҳофизони ватансарои ҷумҳурӣ идомабахши Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона гардид.
Фестивали мазкур дар ҳамкорӣ бо сохторҳои низомии мамлакат, аз ҷумла Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Ҳадафи озмуни мазкур аз баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ байни ҷавонон, ташвиқу таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ дар байни сарбозон ва баланд бардоштани малакаю маҳорати ҷангиву варзишии сарбозону афсарон иборат буд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳирҷони САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»













ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст






