ГИМНАСТИКАИ БАДЕӢ. Варзишгарони навраси тоҷик аз Тошканд бо 14 медали тилло баргаштанд
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гимнастҳои ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеии «Ситораҳои булӯр», ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, иштирок намуда, 14 медали тилло ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сармураббии дастаи гимнастикаи бадеии Мактаби варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба гимнастикаи бадеӣ Миҷгона Шарифова хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқа Марям Шукурова, Роҳила Тоҷиддинова, Ариана Сафарова, Елизавета Стрелникова, Бибиосия Шарипова, Шукрона Саидова, Муноҷот Юлчиева, Зайнаб Қодирӣ, София Грудаева, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода, Ясина Паллаева, Симин Ҳусейнова бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Инчунин дар мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок доштанд. Бинобар он ки ҳамаи аъзои дастаи мо- аз 7 то 13-сола соҳиби ҷоиза гардиданд, ба онҳо Ҷоми даставии мусобиқа низ дода шуд.
Ин аввалин муваффақияти гимнастҳои ҷавони Тоҷикистон нест. Қаблан онҳо дар мусобиқаҳои мухталифи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ, аз ҷумла дар Мусобиқаи байналмилалии гимнастикаи бадеии «East Cup Stars Olympic» («Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ») як медали тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ ба даст оварда, соҳиби Ҷоми даставии мусобиқа гардиданд. Ҳамчунин дар Мусобиқаи 6-уми байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ дар шаҳри Актауи Қазоқистон 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Инчунин дар Мусобиқаи байналмилалии «Гимнастикаи бадеӣ — Талош 2022» низ соҳиби ҷоиза шуданд.
Сармуррабии дастаи гимнастҳои Тоҷикистон Миҷгона Шарифова иброз дошт, ки «дар гурӯҳи мо духтарони синни гуногун ва гурӯҳҳои омехта варзиш мекунанд. Дар гимнастика маҳдудияти дақиқи синну сол нест».


Имрӯзҳо дар мамлакат бо дастгирии давлату Ҳукумат барои гимнастикаи бадеӣ мушкилот вуҷуд надорад. Агар 10 сол қабл гимнастҳо дар толорҳои хурду бе шароити зарурӣ тамрин мекарданд, ҳоло дар толори барҳавою равшани мактаби мазкур машқ карда, ба муваффақияти беназири варзишӣ ноил шуда, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Бояд гуфт, ки Миҷгона Шарифова аз хурдсолӣ, яъне аз 4-солагӣ ба гимнастикаи бадеӣ машғул гардида, нахуст дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия тамрин кардааст. Сипас ба Тоҷикистон баргашта, аз 12-солагӣ дар Душанбе ба гимнастикаи бадеӣ машғул мебошад. Дорандаи чандин ҷоизаву медалҳои байналмилалист.
Ёдовар мешавем, ки гимнастикаи бадеӣ аз соли 1984 инҷониб ба намудҳои олимпӣ дохил мешавад. Гимнастикаи бадеӣ варзишест, ки аз иҷрои машқҳои гуногуни гимнастикӣ, рақсӣ ва унсурҳои мусиқӣ бидуни ашё, инчунин бо ашё (гурз, тӯб, ресмон, ҳалқа) иборат аст. Ин варзиш дар Тоҷикистон низ маъмул буда, асосгузори он Роза Баринова мебошад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






