«ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ-ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!». Таҳти чунин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақоларо дар мавзӯи «Ҳифзи мероси таърихӣ -вазифаи ҳар яки мост!» эълон намудааст, ки дар он шаҳрвандони аз 18-сола боло новобаста аз касбу кор ва машғулият метавонанд иштирок намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур иттилоъ доданд.
Озмун ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ- 18 апрел бахшида мешавад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифзи мероси таърихӣ — вазифаи ҳар яки мост!» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва пос доштани фарҳанги тоҷикӣ баргузор карда мешавад.
Шартҳои озмун чунин аст: ҳар иштирокчии озмун ҳангоми пешниҳод намудани мақола акси рангаи андозааш 3х4-ро замима намояд, ҳаҷми мақола бояд на камтар аз 3 саҳифаи чопии бо андозаи А4 (ҳуруфи Times New Roman Tj 14 бо истифодаи алифбои тоҷикӣ)-ро ташкил намояд, мақолаҳо метавонанд оид ба ягон ёдгории таърихӣ, мероси фарҳангӣ ва ё дар бораи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳифзу муаррифии он бошанд. Инчунин дар мақолаҳои пешниҳодгардида андешаҳои олимони ҷаҳон дар бораи таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва иншооти таърихии он ба инобат гирифта мешавад.
Мақолаҳои ба озмун пешниҳодшуда баъди анҷоми чорабиниҳо таҳрир гардида, бо акси муаллифонашон дар шакли китоб омода ва чоп мегарданд. Қабули мавод то 10 апрели соли равон идома меёбад.
Ғолибон бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулию молӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст






