Имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

Март 15, 2023 16:11

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 март дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 26 масъала, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қонунҳои амалкунанда, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмадисо Саидзода ва Турон Қуватзода, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардани Хусрав Ҷалилзода ва  додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Абдуғаффор Ҳикматуллозодаро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Инчунин дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва номгузорӣ намудани он» ва оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» мавриди муҳокима қарор гирифта, барои баррасӣ ба иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардиданд.

Дар фарҷом аъзои Шӯро лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳамзамон аз вазифаи раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­ли­­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология бозхонд намудани ӯро баррасӣ намуданд.

Аз рӯи натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Март 15, 2023 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд