Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад

Март 10, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 10.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шабона борони кӯтоҳмуддат  пешгӯӣ мешавад. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мегардад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ва саҳаргоҳон бориши сусти борон ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм ва  рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона  21+23 дараҷа гарм мешавад.

Март 10, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд