Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






