Имрӯз занону духтарони тоҷик барои пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд, — бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Модар дар Турсунзода
ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода тазаккур дод, ки зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад. Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.
«Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад», — таъкид кард раиси шаҳр.
Бино ба гуфтаи ӯ, зеро инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модар ва падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад.
Тавре номбурда изҳор намуд, «мо ифтихор дорем, ки имрӯз модарон ва занону духтарони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд, барои пешрафти давлат саҳми босазо мегузоранд ва нақши созандаи худро барои ободии Ватани азизамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд».
Бо мақсади арҷгузорӣ ва бузургдошти зан-модар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба як қатор занони собиқадору хизматнишондода, занони соҳибкору муваффақ ва роҳбарзанон бо сипоснома сарфароз гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






