Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нисбат ба барқароршавии муносибатҳои дуҷонибаи Эрон ва Арабистони Саудӣ

Март 14, 2023 17:25

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз барқароршавии муносибатҳои дуҷонибаи Эрон ва Арабистони Саудӣ истиқбол кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ин ду давлат истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 14, 2023 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд