Мавқеи Темур Раҳимов ва Эмомалии Нуралӣ пас аз мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2023» дар раддабандии ҷудо тағйир ёфт
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023 дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо тағйирот ба амал омад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.
Паҳлавони маъруф ва сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов, ки давоми солҳои охир дар вазни хеш ҷудокори рақами яки ҷаҳон буд, пас аз ин мусобиқа мавқеашро аз даст дод. Темур дар мусобиқаи байналмилалии Tashkent Grand Slam 2023 оид ба гӯштини ҷудо мақоми 5-умро касб карда, ҳоло бо 1920 имтиёз дар вазни + 100 кг дар мақоми дуюм мавқеъ гирифт. Татсуру Саитои ҷопонӣ, ки дар мусобиқаҳои охир рақиби ҷудочии мо Темур Раҳимов маҳсуб мешавад, бо 1950 имтиёз ҳоло миёни сангинвазҳо беҳтарин ҷудочии ҷаҳон эътироф шудааст.
Варзишгари шинохтаи тоҷик ва чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон Эмомалии Нуралӣ пеш аз мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023 дар мавқеи 20-уми раддабандии ҷудои ҷаҳон дар вазни то 66 кг ҷой гирифта буд. Баъди ба даст овардани медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Tashkent Grand Slam 2023 оид ба гӯштини ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ аз зинаи 20-ум ба зинаи 7-ум баромад. Ҳоло Эмомалӣ Нуралӣ 1 115 имтиёз дорад ва дар сурати ҳамин гуна идома додани ҳунарнамоияш дар зудтарин фурсат мо ӯро дар вазни то 66 кг беҳтарин ҷудочии сайёра мебинем.
Дар вазни то 66 кг Денис Виеру аз Молдова бо 1936 имтиёз ҳоло ҷудочии рақами яки ҷаҳон аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи байналмилалии Tashkent Grand Slam 2023 оид ба гӯштини ҷудо Эмомалии Нуралӣ дар вазни -то 66 кг соҳиби медали тилло ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






