«МОДАР — ФУРӮҒИ МЕҲР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Рӯзи Модарро ботантана таҷлил намуданд

Март 7, 2023 17:33

ДУШАНБЕ, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш»-и пойтахт таҳти унвони «Модар – фурӯғи меҳр» ба ифтихори «Рӯзи модар» барномаи фарҳангӣ доир карда шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар оғози барнома Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рўзи Модар ба иштирокдорони ҳамоиш расонида шуд.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занонро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор дода, ба масъалаи беҳбудии вазъи онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамояд. Барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби занону духтарон имрўз дар мамлакат заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи занон дар ҷумҳурӣ тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо баҳри ба бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон мусоидат намуд.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону духтарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ, муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоиашон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Тазаккур дода шуд, ки занон, модарону хоҳарон ҳамчун сокинони пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар пойтахт нақши намоён доранд.

Сипас баҳри болидарӯҳии иштирокчиён дастагули суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 7, 2023 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд