«МОДАР-САРОҒОЗИ ҲАСТИИ БАШАР». Таҳти чунин унвон дар Хадамоти иҷро ҳамоиши идона доир гардид

Март 7, 2023 10:10

ДУШАНБЕ, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Модар- сароғози ҳастии башар» ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти мазкур хабар доданд.

Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода иброз намуд, ки модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният ба шумор рафта, замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст. Ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.

«Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахшии модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем»,-изҳор дошт ӯ.

Таъкид гардид, ки имрӯз соҳае нест, ки занону духтарони мо дар он фаъолият накунанд. Бидуни шак, дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа боло рафт ва ҳамсола бештар аз пештар ҷиҳати ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2023 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон