Муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба вилояти Хатлон сафар намуд

Март 9, 2023 17:40

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов  ба ноҳияи Дӯстии  вилояти Хатлон ташриф оварда, бо  рафти сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 540 ҷойи нишаст  дар деҳаи Ғаллаободи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл шинос шуд. Сокинони меҳнатдӯсту меҳмоннавози ноҳияи Дустӣ  Муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро дар вазъияти тантанавӣ  ва бо риояи анъанаҳои  неки тоҷикона  самимона истиқбол  гирифтанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 540 ҷойи нишаст  дар дехаи Ғаллаободи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл аз ҷониби Туркманистон дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон бунёд карда мешавад. Бинои муассисаи таълимӣ  аз ду ошёна иборат буда, тибқи нақша баъди анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ  бо  шароити муосири таълим ва муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои барҳавою муосир  ба истифода дода мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид ба муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов барои ташриф  ба вилояти Хатлон ва нақши ҷониби Туркманистон дар рушди муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ  изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҷамъияти туркманҳо зиндагӣ мекунанд. Дар вилоят 6 муассисаи таълимии тоҷику туркманӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо фарзандони оилаҳои туркман  дар баробари забони давлатии Тоҷикистон метавонанд ба забони туркманӣ низ таҳсил намоянд.

Муовини Раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро дар ин сафар муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ  намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Март 9, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид