Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 52-юми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ дар Женева иштирок намуданд

Март 1, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сатҳи баланди иҷлосияи 52-юми Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Женеваи Швейтсария иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  

Дар ҷараёни иҷлосия уҳдадориҳои Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла расмиёти махсуси созмони мазкур таъкид гардид. Тазаккур дода шуд, ки дар доираи сиёсати гендерии давлат фаъолнокии занон дар арсаи ҷамъиятӣ дастгирӣ ёфта, таҳкими иштироки сиёсӣ ва зиёд намудани шумораи занон дар хизмати давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.

Намояндагони Тоҷикистон бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба татбиқи босамари ҳуқуқҳои инсон барои миллионҳо нафар диққати ҳозиринро ба пешбурди фаъолонаи равиши ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷалб намуданд.  Инчунин таъкид карда шуд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаро оид ба эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул намуд.

Ҳамзамон бо назардошти он ки ҳуқуқи инсон ба оби тоза ва беҳдошт барои аз байн бурдани камбизоатӣ ва бунёди ҷомеаи осоиштаю обод ниҳоят муҳим мебошад, намояндагони Тоҷикистон тадбирҳои ҷумҳуриро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои беҳбуди дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт иброз доштанд. Дар ин робита Конфронси оби СММ, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд, таъкид гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд