НАВРӮЗ ДАР ОН ҶОСТ, КИ ЁРОН ҲАМА ҶАМЪАНД. Мулоҳизаҳои номзади илмҳои фалсафа Гуландом Абилзода дар бораи ин ҷашни қадимаи тоҷикон

Март 22, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Мояи хушнудию сарфарозист, ки дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «Тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо ба тараннуми фалсафаи ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ машғул буда, тавассути ин ҷашн низ паёми ваҳдату муҳаббат, покию саодат, зебоию нафосат ва ватандӯстию ватанпарвариро ба мардум мерасонданд. Чунин ибрози назар намудааст мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Гуландом Абилзода дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.  Дар идомаи мақола чунин  омадааст:

— Наврўз  бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Тавре Пешвои миллат  баён доштанд,  «ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд. Аҷдодони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзро мамнуъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон ба ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд».

Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, таҷдиди зиндагӣ, ҳаракат, ҷунбиш, такопӯ ва кор аст. Ҷашнҳои миллии мо (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада), ки Наврӯз муҳимтарини онҳост, барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд.

Наврӯз ҳамчун сари соли нав–айёми баробар шудани шабу рӯз, эҳёи табиат ва оғози мавсими кишту кори баҳорӣ таҷлил карда мешавад.  Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, балки дар Миср, Туркия, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, мамлакатҳои Қафқоз, Покистон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо низ ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирӣ ифодаи меҳр, муҳаббат ва эҳтиром нисбат ба ниёгон ва мероси гаронбаҳои онҳост.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш чунин овардааст: «Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар се саду шасту панҷ рӯз, ба аввалин дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақт ва рӯзе, ки рафта буд. Ва чун Ҷамшед  он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидоъ карданд».

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.
Аз дай, ки гузашт, ҳарчи гӯӣ хуш нест,
Хуш бошу зи дай магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои фалсафию иҷтимоии Наврӯз ин аст, ки он ба ҳеҷ дин ё мазҳабе вобаста нест ва ин ҷашни фарҳангиест, ки аз расму русуми башардӯстона ва сулҳхоҳона иборат аст.  Воқеан, фалсафаи Наврӯз хусусияти ваҳдатофарӣ,  созандагӣ ва сарҷамъӣ  дорад.

Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,
Ёрон ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд. 

Маҳз  огаҳӣ аз таърих ва шинохти сурату сирати чунин суннатҳои қадимии аҷдодонамон боиси хештаншиносиву ҳувияти миллии мо мегардад. Ногуфта намонад, ки миллате, ки мехоҳад худро аз нобудӣ ҳифз кунад, сараввал бояд расму оин, суннат ва арзишҳои миллии худро ҳифз намояд.

Ворид намудани ҷашни Наврӯз ба феҳристи ёдгории ғайримодии ҷаҳонӣ боз як маротиба аз мамлакати азалбунёд, хиради комили мардуми асолатпарвари тоҷик гувоҳ аст. Дигар ин ки набояд насли мо фаромӯш созад, ки аз дирӯз дида, имрӯз ва фардо ҷомеаи инсонӣ ба табиати зинда эҳтиёҷманд аст ва хосса, ба ин ҷашн, ки ҷашни зебоию  фаросат, бедорию заҳмат, ҷашни паёму ваҳдату муҳаббат, покию садоқат ва дарки ҳакимона мебошад.

Умед аст, ки насли ҷавони даврони истиқлол аз ин падидаи умедбахш орзуҳои зиёди доштаашонро амалӣ менамояд ва барои зинда ва ҷовид мондани анъанаи ниёгони хеш, ки бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад, камари ҳиммат мебандад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҶОТИ ИНСОНИЯТ ДАР ОБ АСТ. Бисёре аз олимон зиндагии одамонро «мубориза барои об» меҳисобанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ САРҲАДБОНОНИ ТОҶИК. Онҳо на танҳо марзҳои Тоҷикистон, балки амнияти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ ҳимоят мекунанд
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёту фарҳанги ҷомеа нақши калон доранд
Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад
Муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкорӣ мебошад
ОИЛА-ҚАВИТАРИН ПАЙВАНДИ ИНСОНИЯТ. Ба Рӯзи байналмилалии оила эъто мешавад
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ДАР МАСИРИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳои директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар ин маврид
Иқтисодиёти рақамӣ омили рушди иқтисодиёти муосир ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат аст
Зубайдулло Давлатов: «Таассуб дар ҳар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад»
Робитаҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон ва Туркманистон дар шинохти комил ва муаррифии ҳамаҷонибаи халқҳои ҳар ду давлат саҳми арзанда мегузорад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ин ҳунари асил аввалин маротиба дар таърих маҳз дар замони истиқлоли Тоҷикистон зери сарпарастии давлат қарор гирифт