НАВРӮЗ-ПАДИДАИ АСИЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Хадамоти иҷро ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Хадамот, инчунин кормандони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти мазкур хабар доданд.
Иброз гардид, ки Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ ҷашну ойинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Фалак, Шашмақом, чакан, атласу адрас эҳё гардиданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳоло Наврӯзи фархундаро халқу миллатҳои гуногун ҷашн мегиранд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ ва асолати тамаддунсозии мо, тоҷикон башорат медиҳад.
Иштирокчиён дар оростани дастархони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, хони наврӯзӣ маҳорати хуб нишон доданд. Ҳамзамон маҳфили шеър бо иштироки шоирону нависандагон барпо гардида, хотири иштирокчиёнро шод намуд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






