Ғолибони Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар шаҳри Хуҷанд муайян гардиданд

Март 13, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон дар шаҳри Хуҷанд муайян гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Дар чемпионати мазкур аз рӯи 8 категорияи вазнӣ дар байни писарон беш аз 200 варзишгар аз 9 даста — се даста аз шаҳри Душанбе, ду даста аз вилояти Хатлон, якдастагӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати мазкур ба дастаи мунтахаби ҷудои мамлакат дар байни наврасон шомил гардида, Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо дар байни наврасон (солҳои таваллуди 2006-2008) дар шаҳри Хуҷанд 11 ва 12 март баргузор гардид.

Натиҷаҳои Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон

-50кг

1. Гадоев Меҳроҷидин
2. Абдуллои Илҷибек
3. Хушдилзода Меҳрубон
3. Юлдошев Мақсуд

-55кг

1. Қутбидинов Лоиқ
2. Роибов Мухаммад
3. Шаҳроми Анвар
3. Давронов Суҳроб

-60кг

1. Бобокалонов Ёсин
2. Ҳакимов Илёс
3. Иноятов Билол
3. Насруллозода Абдувоҷиб

-66кг

1.Назаров Ворис
2. Нақибзода Ҳабибулло
3.Ҷаборов Шоҳрух
4.Шарипов Ҳамза

-73кг

1. Амирҷони Абдулфаёз
2. Шарипов Зикрулло
3. Муминов Паншер
4.Пиров Муҳаммад

-81кг

1. Бурҳонов Исмоил
2. Норов Ҷаҳонгир
3. Қурбонов Эмомали
3.Шоев Абубакр

-90кг

1. Сулаймонов Ваҳоваддин
2. Охунов Охунҷон
3. Алиев Яхё
3.Мирзораҳмадзода Мисориддин

+90кг
1. Устопиров Фараҳманд
2. Абдусамади Ҷумазода
3. Табаров Аҳмад
3.Сафаров Анушервон

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

 

Март 13, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад