Ғолибони Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян гардиданд

Март 21, 2023 11:32

ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ» ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони касбу кори гуногуни сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор шуд. Дар натиҷа  дастаи  Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе сазовори ҷои аввал  (мукофот 10 000 сомонӣ) гардида, Раёсати минтақавии гумрукӣ  дар шаҳри Душанбе ба гирифтани зинаи дуюм (7 000 сомонӣ)  ноил шуда,  мақоми сеюмро Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (5 000 сомонӣ)  ба даст овард.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директорони мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 35 даста аз сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни ҳам сабқат намуда, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медалу диплом, маблағҳои пулӣ ва «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ки аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе омода гардидаанд, сарфароз гардонида шуданд.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 21, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад