Ҷоми Formula55 оид ба волейбол соҳиби худро пайдо намуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 феврал то 3 март дар шаҳри Душанбе нахустин ширкати букмекерии «Formula55» мусобиқаи навбатии «Formula55 CUP»-ро оид ба волейбол баргузор намуд. Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол дар байни калонсолон доир шуд. Соли дуюм аст, ки ширкат аз рӯи намуди волейбол чунин мусобиқа баргузор менамояд.
Мусобиқа дар мактаби варзишии №5-и шаҳри Душанбе доир шуда, беҳтарин дастаҳои волейболи мардона ва занонаро ба ҳам овард.
Аз рӯзҳои аввали мусобиқа дастаҳо ба нишон додани маҳорати касбии худ талош карданд, то зинаҳои ифтихориро ба даст биёранд.
⠀Бозиҳо бо иштироки мухлисони бешумор баргузор шуда, дастгирии онҳо ба бозингарон илҳом мебахшид.
⠀Баъд аз баргузор гардидани 64 вохӯрӣ беҳтарин дастаҳои волейболи мардона ва занона муайян гардид. Ҷойи 3-юм насиби командаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шуда, ҷойи 2-юмро МДММВЗО√-5 (2) ишғол кард. Ҷойи 1-ум насиби дастаи МДММВЗО√-5 (1) гардид.
Байни дастаҳои мардона: ҷойи 3-юм насиби дастаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ, ҷойи 2-юм насиби дастаи МДММВЗО√-5 ва ҷойи 1-ум насиби тими волейболи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гардид.
Дар вазъияти тантавӣ ғолибон бо медал, ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ, мукофоти пулӣ ва Ҷоми Formula55 сарфароз гардонида шуданд.
Барои иштироки фаъолона ба дастаи шаҳри Ваҳдат низ сипоснома тақдим шуд.


Тавре мухлисон ва иштирокчиён иброз доштанд, мусобиқа дар сатҳи баланд баргузор гардид. Бахусус бозии финалӣ бисёр шавқовар гузашт.
⠀Ёдовар мешавем, ки Formula55 лоиҳаи Formula55 CUP-ро аз соли 2022 инҷониб роҳандозӣ менамояд. Он ба дастгирии федератсияҳои варзишии Тоҷикистон ва рушди намудҳои гуногуни варзиш дар мамлакат равона шудааст.
АКС: Formula55












Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






