ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО. Ҳайати дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон дар он иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7-9 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 13 варзишгар аз Тоҷикистон иштирок хоҳад кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 7 варзишгар ва аз байни ҷавонон 6 варзишгарро ба Алмаато мефиристад.
Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор мешавад. Варзишгарони мо танҳо миёни писарон рақобат мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Ҷоми Осиё – Алмаато:
Наврасон
-50кг – Меҳроҷиддин Гадоев
-55кг – Лоиқ Қутбиддинов
-66кг – Ворис Назаров
-73кг – Аминҷон Абдуҷалилзода
-81кг – Исмоил Бурҳонов
-90кг – Баҳоваддин Сулаймонов
+90кг – Фараҳманд Устопиров
Ҷавонон
-60кг – Саъдӣ Маҳмадов
-73кг – Абубакр Шеров
-81кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода
-81кг – Сайфиддин Сайфиддинзода
-90кг – Умедҷон Раҷабов
+100кг – Иброҳимҷон Элмуродов
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






