Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Март 1, 2023 13:39

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла Протокол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя аз 23 июни соли 2010 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар иҷлосия таъкид карда шуд, ки мақсад аз қабули Протоколи мазкур- аз байн бурдани монеъаҳои мавҷуда нисбат ба амалҳои андозбандишавандаи резидентҳои давлатҳои аҳдкунанда, табодули иттилоот байни мақомоти салоҳиятдор ва фароҳам овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии дастрасии маълумот оид ба масъалаҳои андозӣ ба шумор меравад.

Баромадкунандагон ҳамчунин иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷомеа, бо роҳи муқаррар намудани принсипҳои асосии пешгирӣ, маҳдуд намудани истифода ва ба танзим даровардани муомилоти маҳсулоти тамоку ва дорои никотин дар санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия шуда, барои таъмини бехатарӣ ва саломатии миллат, мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои дастурии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ нигаронида шуда, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, дар лоиҳа мафҳумҳои наве  истифода шудаанд, ки таъйиноташон аз Директиваи нави Парлумон ва Шӯрои Аврупо аз 3 апрели соли 2014 ва принсипҳои дастурӣ оид ба татбиқи Консепсияи қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи мубориза бо тамоку  гирифта шуда, ин мафҳум имкон медиҳанд, ки маҳсулоти тамоку ва дорои никотин дақиқтар ва якхела ҳаммонанд карда шавад, то дар оянда ҳангоми воридот, танзим ва фурӯши онҳо аз фаҳмиши духела пешгирӣ гардад.

Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани манъи пурраи истеҳсол, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, фурўши яклухт ва чаканаи маҳсулоти ғайрикашидании тамоку ва ҳама гуна маҳсулоти никотиндори ғайрикашиданӣ, аз ҷумла снюсҳо, никпэкҳо, инчунин системаҳои электронии таҳвили никотини як маротиба истифодашаванда, аз ҷумла сигорҳои электронии як маротиба истифодашаванда, ба истиснои нос ва доруворӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, усулан нав мебошад.

Зеро тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба қонуни амалкунанда чораҳои пешбининамударо вобаста ба таъмини солимии аҳолӣ, алалхусус нисбат ба ҷавонон тақвият бахшида, онҳоро аз хатари зарар ба саломатӣ эмин дошта, ба рушди минбаъда мусоидат менамоянд.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Мунаввар Абдусаломзода, Гулбаҳор Ашурзода, Абдуҳалим  Ғаффорзода ва Раъно Бобоҷониён  муаррифӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2023 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид