«Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Март 21, 2023 17:20

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  «Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ»- таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯёни  факултетҳои биология, журналистика ва иқтисодиёт ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Ҳамоиш дар доираи эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо мақсади иҷрои нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  баёнгардида марбут ба амалигардонии принсипҳои «иқтисоди сабз», ташвиқу тарғиби ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи захираҳои обӣ доир шуд.

Ҳамоиш  бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ   ва Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»  гузаронида шуд.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон  гардидани соли 2025 Соли байналмилалии пиряхҳо, ки моҳи декабри соли 2022 бо

Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, манбаъҳои обии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки он табодули назар намуданд. Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, 60 фисади обҳои минтақа дар ҳудуди  Тоҷикистон аз пиряҳои кӯҳӣ ташаккул меёбанд.

Инчунин иштирокдорони ҳамоиш дар мавзуи «Парки миллии Тоҷикистон – макони пиряхҳои бузург ва обҳои зулоли минтақаи Осиёи Марказӣ» маъруза намуданд.

Дар доираи ҳамоиш аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» намоиши суратҳои пиряхҳое, ки дар қаламрави Парки миллӣ ва дигар ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҷойгиранд, ташкил карда шуд. Инчунин иштирокдорони ҳамоиш аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ аст, боздид намуданд.

     АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Март 21, 2023 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд