Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд

Март 15, 2023 16:55

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳо «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электоронӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо оид ба ҳимояи рақобат, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои қабулгардида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии ҷинояткорӣ, рушди ҳуҷҷатҳои электоронӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.

Март 15, 2023 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд