Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол кӯдакистони «Дӯстӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Март 30, 2023 12:10

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд кӯдакистони “Дӯстӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавии муассисаи томактабӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Кӯдакистон дорои 6 синфхонаи машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, нуқтаҳои дастшӯӣ, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандон, нуқтаи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар муассисаи томактабии “Дӯстӣ” дар шаҳри Истиқлол 25 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла мураббияҳо бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Раванди таълим дар боғчаи кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои машғулият бо аёнияти таълимӣ, инчунин телевизор ва дигар воситаҳои фароғатӣ  барои тарбиятгирандагон таъмин мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки оянда омӯзиши забони чинӣ низ дар кӯдакистон ба роҳ монда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон бо дӯстрӯякон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла ширинию бозичаҳои гуногун тақдим намуданд.

Бинои муосири муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Истиқлол дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ аз ҷониби Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Чин бунёд гардидааст ва масоҳати умумии он 3 гектарро дар бар мегирад.

Иншоот бо системаи мустақили гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Кӯдакистони нав ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шуда, иқдоми муҳим дар  амалишавии “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025” маҳсуб мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар бинои кӯдакистон баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ садоқатмандона фаъолият намоянд.

Кӯдакистони “Дӯстӣ” дар шаҳри Истиқлол сеюмин муассисаи томактабӣ буда, ба истифода супоридани он барои фарогирии бештари насли наврас ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад кард.
Ифтитоҳи кӯдакистони «Дӯстӣ» дар шаҳри Истиқлол 30.03.2023

Март 30, 2023 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон