Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд

Март 9, 2023 14:05

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории давлатҳо, ки бемайлон тавсеа ёфта, соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифтааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамёрӣ пешниҳод гардид, ки кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ ҷоннок карда шавад.

Рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту боркашонӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва истифодаи долонҳои нақлиётии Туркманистон аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду давлат арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ фаъол гардидани робитаҳо ва ҳамкории байнипарлумониро, ки дар пешбурди тамоми маҷмӯи муносибатҳои ду мамлакат нақши муҳим доранд, иброз намуданд.

Дар мулоқот ҷиҳати густариши ҳамкории гуманитарии давлатҳо идомаи тадбирҳо барои гузаронидани конференсияҳои якҷояи байналхалқии илмию амалӣ, фестивалҳо, симпозиумҳо, инчунин ташкил намудани вохӯриҳои аҳли зиёи ду мамлакат зарур шумурда шуд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байналмилалии наҷоти Арал, мулоқотҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ муҳокима гардид.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҷадвали чорабиниҳо ва мулоқоту тамосҳои дуҷонибаи дарпешистодаро мавриди назар қарор доданд.

Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов 09.03.2023

Март 9, 2023 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд