Президенти Ҷумҳурии Точикистон: «Амонати вазнини инсонсозӣ, яъне ташаккули инсони солеҳу солим маҳз ба дӯши модарон гузошта шудааст»

Март 7, 2023 15:38

ДУШАНБЕ, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзи саид ба модарону бонувони азизи Тоҷикистон муроҷиат карда, мехоҳам хотиррасон намоям, ки амонати вазнини инсонсозӣ, яъне ташаккули инсони солеҳу солим маҳз ба дӯши шумо гузошта шудааст. Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бо эътимоди комил иброз медорем, ки онҳо дар оянда низ дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти давлат, ободии Ватан ва осудагии ҷомеа нақши шоистаи худро мегузоранд. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар.

Пешвои миллат хотиррасон намуданд, ки дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир муносибати бисёр ҷиддӣ зоҳир кардан ба тарбияи фарзандон, аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад.

«Бовар дорам, ки занону духтарони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму ойинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Президенти мамлакат тазаккур доданд, ки «имрӯз занону духтарони тоҷик ҳамчун аъзои Ҳукумат ва вакили парламент, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъулияти идоракуниро бошарафона иҷро мекунанд. Онҳо дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд. Ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии мамлакат, аз ҷумла, 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон мебошанд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2023 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон